Факултети геоэкология

Телефон барои маълумот

Факултет бо ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти № 3 аз 26.11.2010 ва бо фармони ректори Донишгоҳ, таҳти № 436 аз 17.12.2010 таъсис дода шуд.

Сароғоз сарварии факултет ба зиммаи доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор Абдураҳимов С.Я. вогузор шуда буд. Алҳол бошад, номзади илмҳои география, дотсент Аминов М.Ҳ. сарварии факултетро ба ӯҳда дорад.

Мақсади таъсиси факултет омӯхтан ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзиши сарватхои табиӣ, муҳити зист, ландшафти табиию техногенӣ, рушди хоҷагии халқ, вазъи демографӣ ташкили туризми дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Дар факултет 4 кафедра амал мекунад: географияи табиӣ (мудири кафедра дотсент Ғуфронов М.С.), географияи иқтисодӣ ва демография (мудири кафедра дотсент Иброҳимов Э.), экология ва ҳифзи табиат (мудири кафедра дотсент Собиров М.С.), геоэкология ва методикаи таълими он (мудири кафедра дотсент Ғуфронов Д.Н.). Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад: география, география-демография, география ва ҳифзи табиат, геоэкология, экология, агроэкология, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат, метеорология ва климатология. Факултети геоэкология бо донишгоҳҳо ва марказҳои бонуфузи илмии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои пурсамар дорад.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва методии факултет

Дар заминаи истифодабарии технологияи муосир солҳои охир такмили таҳқиқотҳои саҳроӣ, экспедитсияҳо ва корҳои илмӣ - фармоишии инноватсионӣ - экологии устодон ва шогирдони факултет, ҳамгироии пажӯҳишгоҳҳои илмии ватаниву хориҷӣ бо кафедраҳо ба назар мерасад.

Барои тайёр кардани мутахассисон дар факултет устодони варзида

Абдураҳимов С.Я., Раҳимов А.И., Камолиддинов С., Очилова Ф.Ҳ., Зайнутдинов А.А., Ҳайдаров М.Д., Турдиев Т.М., Аминов М.Ҳ., Саидова Д.Н., Иброҳимов Э.Ҳ., Муинова З.М., Амонова З.Ғ. ва дигарон заҳмат мекашанд. Дар баробари ин лабораторияи «Омӯзиши офатҳои табиӣ ва техногенӣ» амал мекунад, ки дар он донишҷӯёну аспирантон, унвонҷӯёну устодон корҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебаранд. Устодони факултет ҳар сол экспедитсияҳои илмии худро дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Помир, пиряхҳои Зарафшону Федченко, кӯлҳои Искандаркӯлу Сарез, Яшилкӯлу Музкӯл ва минтақаҳои муҳофизаткунандаи Бешаи Палангон, Ромит, Даштиҷум ва Боғи Миллӣ мегузаронанд.

5bf1e431151d3.jpg