Кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо

Телефон барои маълумот

Кафедраи ботаника дар Донишгоҳ яке аз нахустин кафедраҳо ба шумор рафта, соли 1932 бо сарварии Б. М. Комаров таъсис ёфтааст. Кафедра аз соли 1932 то соли 1999 ба номи «Кафедраи ботаника» ва минбаъд бо номи «Кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо» фаъолият бурда истодааст. Бунёдгузори кафедраи ботаника номзади илмҳои биологӣ, профессор Б. М. Комаров аз соли 1932 то соли 1959 (то ба нафақа рафтан) мудирии кафедраро ба зимма дошт. Дар солҳои гуногун ба кафедра устодони зерин роҳбарӣ карданд: номзади илмҳои биологӣ, дотсент А.О.Отаев (1959-1979), номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Г.А.Домишлинетс (1977-1978), номзади илмҳои биологӣ, дотсентон О.Д. Дадобоева (1978-1982), М.Т. Тоҷибоев (1982-1997). Солҳои 1997-2009 мудирии кафедраро доктори илмҳои биологӣ, профессор М. Бобоҷонова, аз соли 2009 то 2014 номзади илмҳои биологӣ, дотсент Р.Ш. Ҳакимова ба ӯҳда доштанд ва аз соли 2014 то ин дам вазифаи мудири кафедраи мазкурро номзади илмҳои биологӣ, дотсент Ё.Р.Ҳомидов бар дўш дорад.

Дар кафедра 11 нафар устоду кормандон : аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои биологӣ, профессор, 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 1 нафар сармуаллим, 2 нафар муаллим, 1 нафар мудири гербария ва 3 нафар корманд фаъолият мебаранд. Дар кафедра устодони соҳибунвон аз фанҳои мухталифи марбут ба кафедра ба донишҷӯён дарс мегузаранд: ботаника, морфология ва анатомияи растаниҳо; систематикаи растаниҳои дараҷаи паст ва олии фитосенология, микробиология, физиологияи растаниҳо, биотехнология, биофизика, асосҳои биологии кишоварзӣ, фанҳои факултативӣ оид ба олами набототи Тоҷикистон. Машғулиятҳои лексионӣ, лабораторӣ, амалӣ аз ҷониби устодони кафедра дар сатҳи баланди илмиву методӣ ҷараён мегирад.

Дар таърихи бештар аз 85-солаи худ як зумра олимоне, амсоли Б.М. Комаров, А.А Отаев, О. Дадобоева, А.С.Саидов, Г.А. Домишленетс, И.Т.Тӯрақулов М.Т.Тоҷибоев, Қ.Қ.Назаров, ки дастпарвари ҳамин кафедра буданд, ҳаёту мамоти худро дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос сарф намуданд. Ҳоло кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо яке аз кафедраҳои калонтарини факултет маҳсуб шуда, аз ду шуъба: ботаника ва физиологияи растаниҳо иборат аст. Дотсенти кафедра Тӯрақулов И. дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ- омўзгорӣ дар кафедра саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбари ӯ 2 нафар барои кафедра систематиконро тайёр намуда истодаанд, ки яке аз онҳо мудири гербарияи растаниҳо муаллим Сегизбоев М.Ф. дар мавзўи «Флора ва пӯшиши растанигии кӯҳи Муғул» фаъолитя дошта, дигаре муаллим Суюнқулов Ҳ.Т. аст, ки дар мавзўи «Флораи кӯҳи Сомғор: Оқчоп, Оқбел ва Сурфатоғ» машғули пажўҳиш аст.

Аз соли 1932 дар кафедра гербарияи ба номи Б.М.Комаров ташкил карда шудааст, ки ганҷинаи асосии илмӣ-тадқиқотии кафедра ба шумор рафта, зиёда аз 60 ҳазор нусхаи растаниҳоро дарбар мегирад ва аз он кормандони илм, магистрантон ва аспирантону донишҷӯён ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ ба таври пурра истифода мебаранд. Дар назди кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо маҳфили «Ботаник» амал менамояд, ки донишҷӯёни курсҳои 1-4 -уми ихтисоси «Биология» аъзоёни фаъоли маҳфили мазкур мебошанд. Дар кафедра семинари илмӣ-назариявии кафедра таҳти роҳбарии дотсент Хомидов Ё.Р. фаъолият мебарад.

Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳибунвон дар назди кафедра аспирантура ва магистратура аз рӯи ихтисоси 03.05.01 ва 03.00.05 ташкил карда шудааст. Даҳҳо дастпарвари кафедра рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро берун аз ҷумҳурӣ дифо карда, ба дарёфти дараҷаҳои баланди илмӣ шарафёб гардиданд. Доктори илмҳои биология, академики АИ Тоҷикистон Ю.С.Носиров, узви вобастаи АИ Тоҷикистон М.Р. Расулова аз ҷумлаи чунин ашхос ба шумор мераванд, ки солҳои тӯлонӣ сарвари Пажӯҳишгоҳи ботаникаи АИ Тоҷикистон буд. Кафедра бо Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои АИ Тоҷикистон, бо Боғи ботаникии Маркази илмии Хуҷанд ҳамкорӣ ва робитаи пурсамар дорад.

Аз соли 2016 аъзоёни кафедра аз рӯи нақшаи дурнамо дар мавзўъҳои: 1.Асосҳои биологии ҳифзи популятсияҳои растаниҳои нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд таҳти роҳбари мавзӯъ Ҳомидов Ё.Р н.и.б. дотсент., мушовари илмӣ Тӯрақулов И.Т н.и.б дотсент, иҷрокунандагон дотсентон Ҳомидов Ё.Р., Ҳакимова Р.Ш н.и.б дотсент, Сегизбоев М. муаллим, Суюнқулов Ҳ.Т муаллим. 2. Танзими тақсимоти ассимилятҳо дар ниҳоли пахта, ҳангоми тағйирёбии муносибатҳои донорию аксепторӣ фаъолият мебаранд. Роҳбари илмии мавзӯъ доктори илмҳои биологӣ профессор Бобоҷонова М.Ҷ. буда, иҷрокунандагон сармуаллима Эргашева Э. А., муаллим Саиднабиев Н., муаллим Дадоҷонова М.С., муаллима Дадобоева М.Л. мебошанд. Дар кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо монографияи профессор Бобоҷонова М. «Донорно-акцепторнқе отношения у плодов хлопчатника» (2013), фарҳангномаи Тӯрақулов И., Ҳомидов Ё.Р., Ғаффоров Ғ. Очилова Ф.Ҳ. «Луғати тафсири русӣ-тоҷикии истилоҳоти ботаника» (2012), монографияҳои «Растаниҳои нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд» (2010) ва «Редкие и исчезающиеся растения и животных Согдийской области» (2012) рисолаи илмии Ҳакимова Р.Ш. «Биологические, морфо – анатомические физиологические особенности генотипов бересклетов интродуцированных в Таджикистане» (2014), асарҳои дотсентон Ҳомидов Ё.Р. (бо ҳаммуаллифии Ҳоҷибоев ., Очилова Ф.Ҳ) «Тафсири мафҳумҳои асосии биологӣ» (2014), Тӯрақулов И., Ҳомидов Ё.Р. “Китоби сурхи Тоҷикистон” (2015) аз чоп баромада, раҳнамои рӯимизии устодон ва донишҷӯён гардидаанд.